16 июня 2026
Барои деҳқонон, боғпарварон ва намояндагони соҳибкории хурди аграрии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Бонк маҳсулоти махсуси қарзии «Зардолу-2026»-ро пешниҳод менамояд, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти бахши кишоварзии минтақа таҳия шудааст.
Боғдорӣ ба таври анъанавӣ дар иқтисодиёти ин минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Барои ба даст овардани ҳосили устувор ва рушди минбаъдаи хоҷагиҳо сармоягузории саривақтӣ ба боғҳо, техникаи кишоварзӣ, низомҳои обёрӣ ва иҷрои корҳои мавсимӣ зарур мебошад.
Барномаи «Зардолу-2026» барои соҳибони боғҳо, истеҳсолкунандагони мева ва меваи хушк, инчунин соҳибкороне, ки дар соҳаи агробизнес фаъолият мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Маблағҳои қарзӣ метавонанд барои самтҳои зерин истифода шаванд:
- рушд ва васеъ намудани хоҷагиҳои боғдорӣ;
- харидории техника ва таҷҳизот;
- навсозии низомҳои обёрӣ;
- маблағгузории корҳои мавсимӣ;
- рушди коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ.
Шартҳои асосии барнома:
- маблағи қарз — аз 50 001 то 500 000 сомонӣ;
- муҳлати қарз — то 24 моҳ;
- меъёри фоизӣ — 25% солона.
«Зардолу-2026» танҳо барои мизоҷони филиалҳои Бонк дар Ашт, Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дастрас буда, ба дастгирии рушди боғдорӣ ва соҳибкории хурди аграрӣ дар ин минтақаҳо равона шудааст.
Имрӯз ба рушди хоҷагии худ сармоягузорӣ намоед, то фардо натиҷаҳои устувор ва боэътимод ба даст оред.